23- Феврал — Рузи артиши миллӣ
Шеър дар васфи артиши миллӣ
Аё кишвари ман ту гавҳари ман,
Ҳамеша боши сарсабз, аё сарзаминам!
Муборак бодо иди артиш эй далерон!
Кунун 23-юми феврал аст, дустдорон.
Бодо обод Тоҷикистон бар Шумоён,
Шараф ва хушбахти мугӯямтон.
Мубрак бодо ид бар шумо эй халқи тоҷик!
Бошад артиши мо чун хуршеди ҷовид!
Аё сарбози кишвар, ту дили ман,
Ту ҳастӣ, ки ҳастии давлати ман.
Ҷовидонӣ бошад бо посбонон,
Муборак мегӯям эй ҳамватанон!
Тоҷикистон- мазҳари ман,
Cарзамини камзамин,
Ту саросар куҳсорӣ,
Ту саросар сангзорӣ,
Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз
Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.
Чунки фарзандони ту дар ҷустуҷуи бахти худ
Дар биёбонҳои тафсон дур аз ту мурдаанд.
Ҳар куҷо рафтанд махҷуру ғариб
Аз фироқат ҷуфти онҳо нолаю андуҳ шуд.
Ҷумла дар кӯи ғарибӣ хок гаштанд эй дареғ,
Орзуҳошон дар ин ҷо санг басту кӯҳ шуд.
Ҳар куҷо рафтанд онон
Ё ба Макка ё Мадина,
Ё ба ғурбат, ё тиҷорат,
Ё гуреза аз ҳама тазвину кина,
Мушти хокатро ба киса ёдгорӣ бурдаанд.
То агар рӯзе бимиранд аз қазо,
Дар ғарибӣ бекасу беошно
Хоки ту бошад нишони охирин.
Инчунин дигар шеър дар ин мавзуъ: http://ansor.info/tabrikoti-artishi-mili/
Муаллиф: Анварҷон М