Қадри умри мову ту дар замони имруза
Умри одам қадр надорад дар замони мову ту,
Як ду танга болост аз умру ҷони мову ту.
Меҳри инсонро надонад ёраки зебо санам,
Аз паси зар мешитобад бехабар аз мову ту.
Гар биафтоди бар даре ғам суи аҷал,
Кай бидонад дусти нонӣ, ҳоли ҷони мову ту.
Бо навишти шеърҳо, шоир қафасро бишканад,
Он ҳама шеърҳо баҳри зиндагии мову ту.
Чашми инсон нур мебахшад бар руи ҳаёт,
Лек намехоҳад аҷал, ки бихандем мову ту.
Умри ҷовид чист? Бе меҳру вафои зиндагӣ,
Ин ҷаҳон ҷолиб набошад, бе сазои мову ту.
Шарҳи худро нависед