Дил ба дарё бизанам. то дили дарёе ҳаст,
Сар ба савдо бизанам, то сару савдое ҳаст.
Бори ишқе бикашам, то рамақ аз ҷон дорам,
Заҳри ишқе бичашам, то дили шайдое ҳаст.
Паи ёре бидавам, то бувадам пои равон,
Ғами ёре бихурам, то ғами дунёс ҳаст.
Гарчи бепову сарам. ошиқи олиназарам,
То ба болои сарам қомати болое ҳаст.
Сар ба пояш биниҳам. то ки сарафроз шавад,
Гар сазовори сари қимати ман пое ҳаст.
1979
Шарҳи худро нависед