Лаб-лаби дарё чу дарё мегузаштӣ ё чу умре
Дар лаби дарёи кӯҳӣ кокулонат бод мерафт,
Оби дарё бо ҳазорон нолаву фарёд мерафт.
Зиндагиям бо ҳазорон шиква аз пеши назар
Ҳамчу мавҷи беқарори рӯд беистод мерафт.
Лаб-лаби дарё чу дарё мегузаштӣ ё чу умре,
Кардаву нокардаҳоям як ба як аз ёд мерафт.
Чашмам аз дунболи ту оинадори роҳ будат,
Ҷони мачрӯҳам чу сайде аз паи сайёд мерафт.
Охирин уммеди ман мерафт мисли ту зи дил —
Гӯиё Маҳмуди Воҳид ҷониби Бағдод мерафт…
1980
Шарҳи худро нависед