Рӯҳи мо бар қадри даврои мерасад,
Ҷони мо бар қадри ҷонон мерасад.
Нест танҳо чанд кас кайҳоннавард,
Шеъри дилрас ҳам ба кайҳон мерасад.
Ҳар чӣ дорад ин замину осмон,
Ҷумла баҳри риақи инсон мерасад.
Аз дарахтоне, ки биншонидаанд,
Як асо аз баҳри пирон мерасад.
Нсст ҳусни бехирадро қимате,
Шишаи холй ба тифлон мерасад.
Гар ба сарвақтам наояд ёри ман,
Рӯзи маргам синакӯбон мерасад
Лоиқ аз сӯзи дарун бегона нест.
Шеъраш аз мағзи дилу чон мерасад.
1980
Шарҳи худро нависед