Наёбӣ дар ҷаҳони бевафо содиқтаре аз ман.
Наёбӣ дар муҳити беғамон мушфиқтаре аз ман.
Дар он маврид, ки лофи ишқ гӯянду раҳат гиранд,
Наёбӣ аз талабгорони худ ошиқтаре аз ман.
Ба он дарди дили зорат, ки ноҳамвор месӯзад,
Табибе ҳам наёбӣ хушпае, ҳозиқтаре аз ман.
Дар он соат, ки аз ҳафт осмон ҷӯй тасаллое,
Наёбй дар замини ошиқӣ ошиқтаре аз ман.
Тамоми умр ҷӯй лоиқи худро дар ин дунё,
Наёбӣ бар мазоқи хештан лоиқтаре аз ман!
1981
Шарҳи худро нависед