Бо ду чашми хирабин ну ри кухистон, модарам,
Шуълае аз оташи оташпарастон, модарам.
Мавҷи мӯҳои сафедат аз сафедии дил аст,
Бо хама пажмурдагӣ сомони бустон. модарам.
Рӯзу шаб чобат намеояд зи сӯзишҳои дил,
Дар гами ман кӯчахандон, хонагирён, модарам.
Бингарӣ ҳар бор бар ғаҳвораи холии ман,
Ёд орӣ аз ману ризқи парешон, модарам.
Аз заминларза сутуни хонаат тарқидааст,
Эй сутуни рӯзгори нобасомон. модарам.
Як асо бори гами пириг натвонад кашид,
Эй сабурият фузун аз сангу сандон, модарам,
Сӯи лаб нобурда, нон аз дасти ларзонат фитад.
Боз ҳастӣ бо аҷал дасту гиребон, модарам…
1984

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед