То сар ниҳам дар пои ту бо ҷумла зориҳои дил

То зинда бошам, меравам бар кӯи ту бо пои дил,
То сар ниҳам дар пои ту бо ҷумла зориҳои дил.
Ту — навбаҳори шеъри ман, барқу шарори шеъри ман,
Зеро, ки дил бурдӣ зи ман, худ омадӣ бар ҷои дил.
Пазмон шудам рӯи туро, амвоҷи гесӯи туро,
Қисмат бикун пазмониям. эй қисмати танҳои дил.
Дирӯзу имрӯзам гузашт аз ёди ту то ёди ту.
Уммеди фардои манӣ, эй шуълаи фардои дил.
Ман дар ту дунё ёфтам, дунёи зебо ёфтам,
Бо ман дар ин дунё бибош, эй мазҳари дунёи дил.
Чашми ту чашми зиндагӣ, нози ту нози зиндагӣ,
Қурбони нозу чашми ту, эй дидаи бинои дил!
Эй ҷони ширинтар зи ҷон. талхӣ мабодо байни мо,
Эй ҳамдами яктои дил, эй ёри беҳамтои дил!
1985

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед