Зиндаги
Мурдагон дар гӯр кай берун зи дунё будаанд?!
Дар чахони бемуаммо пурмуаммо будаанд!
Бебасират. лек сӯйи мо назар мекардаанд,
Безабону дар забон узри гунаххо будаанд.
Колбадшон туъмаи хок асту кирмони лаҳад,
Рӯххо дар роҳҳои арши аъло будаанд.
Сояе гар нест андар рӯйи турбатшон, хушо.
Сар ба сар дар сояи лутфи таоло будаанд.
Хокашон, гӯйӣ, ки меболад, чу хонӣ фотиҳа,
Хуфтагони гӯр муҳтоҷи тасалло будаанд.
Хоб мебинам; ба ҳолам гиря дорад модарам,
Мурдагон дар гӯр ҳам андар ғами мо будаанд!
Зиндагоне дидаам ҳайфо. намедонанд шеър,
Сангҳои гӯрҳо хуштабъу гӯё будаанд!
Байти ёде хонда дар санги мазоре, хуш шудам,
Мурдагон хам ташнаи шеьри гуворо будаанд!
1990
Шарҳи худро нависед