Дарё

Қароре нест азбас дар талотумхонаи дарё,
Биё, бинҳем лабро бар лаби паймонаи дарё.
Чу бар афсонаи умри гурезон эътимоде нест,
Биё, эй дил, даромезем бо афсонаи дарё.
Сари осудае дар бистари амвоҷ натвон ёфт,
Ки дилҷӯӣ кунад аз духтари фарзонаи дарё!
Ба дарё зан дили худ, то дили дарё ба даст орӣ,
Ало соҳилнишини беғам, эй бегонаи дарё.
Дар ин мурдоб агар жӯлида бошӣ, эй ҳавасмурда.
Ба уқёнус роҳй шав савори шонаи дарё.
Ҳамовардаш ҳама дарёдилу тӯфонзамиронанд,
Ннгар, дар соҳил афтодаст бас афгонаи дарё 
Ту гӯӣ мавҷкӯҳа кӯҳи ғамҳо мебарад бо худ,
Ғами чандин ҳазорон аст дар анбонаи дарё.
Ҷунунтозии амвоҷи ситезон азми он дорад,
Ки боре бигсалад аз дасту по завлонаи дарё.
Бирақсад дар булӯри сабзи обаш духтари маҳтоб,
Тағаззул офаринад шеваи мастонаи дарё.
Ба дӯши хештан бор аст, масте ҳасту ҳушёр аст
Дилу дасти фароху ҳиммати мардонаи дарё.
Касе аз косаи гирдоб хӯрда ҷуръае бебок,
Насибаш бод мастиҳои бебоконаи дарё!
Бихон печонхати қисмат ту аз пешонии амвоҷ,
Чу печутоб дорад роҳи ҷовидонаи дарё!
Чунон дандонаи кӯҳ аст ҳар як кӯҳаи мавҷаш
Лаби соҳил газад беингиҳо дандонаи дарё.
Агарчи сел ҳам об аст, аз ҳар латмафарсояш
Бувад домандарида соҳи.ти вайронаи дарё.
Хурад мавҷе сари мавҷи дигарро, боз ҳам зинда-ст
Чи раҳмовар бувад кирдори бераҳмонаи дарё.
Ба худ печида озоде, зи хуц вораста фарёде,
Чӣ бопаҳност риндиҳои хайёмонаи дарё!
Ба ёди ёр менолад миёни дашту водиҳо,
Камоли ошиқӣ дорад дили девонаи дарё.
Миёни арсаи паҳновару пурҷӯши соҳилҳо
Чу Рустам менамояд дови пирӯзонаи дарё.
Зи қатра мешавад оғоз туғёни ҷаҳонгираш
Надорад интиҳое ишқи озодонаи дарё.
Дар ин дашти тапишҳо хоби харгӯшӣ фарогир аст,
Куҷоӣ, шери дарё, наъраи шеронаи дарё!
Парии ишқи ман аз об берун шуд, зи сар то пош
Бирезад қатраҳои об чун дурдонаи дарё.
Канори об биншинам, ки шояд дар канор ояд
Паримоҳии армонҳоям аз кошонаи дарё.
Чу андар синаи ман ганҷи ишқи он паримоҳист,
Умеди ҳадя дорам аз кафи шоҳонаи дарё.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед