Аз кӯчаи мо арӯсу домод гузапгг,
Ду ошиқи дар ҳаёт навшод гузашт
Дар оина ожанги ҷабин бишмурдам,
Айёми ҷавонии ман аз ёд гузашт.
Ман шебу фарози роҳҳоро чӣ кунам?
Бе дарди ту солу моҳҳоро чӣ кунам?
Бе дарди ту шеърҳои ман бедарданд,
Бе сӯзу гудоз оҳҳоро чӣ кунам?
Бар дарди дилам дарди диле дармон аст,
Ҳар мушкили ман зи мушкиле осон аст.
Ҳар кас зи ҳаёт умри осон хоҳад,
Ҳам зиндаю ҳам мурдаи ӯ яксон аст.
Дарёи пуроб шӯру тӯфон дорад,
Ҳар марди пурифтихор исён дорад.
Ҷоҳил зи ҳасад даруни худро бихурад,
Оқил зи хирад фарохмайдон дорад.
То ҷони ман аз муҳаббатат осояд,
Умри дигару ҷони дигар мебояд.
Ман домани ту ба даст орам рӯзе,
Гар домани осмон ба дастам ояд.
Умрам ба алам зи остони ту гузашт,
Чун мурғ зи боми ошёни ту гузашт
Гӯянд агар. гузашт Лоиқ зи ҷаҳон,
Мапсанду бидон, ки аз ҷаҳони ту гузашт.
3-ин хок, ки шоирон сар афроштаанд,
Дар мазрааҳо тухми сухан коштаанд.
Ман коми 1или хеш ситонам аз шеър,
Чун коми маро ба шеър бардоштаанд.
Ёди ту кунам, хазони ман сабз шавад
Бому дари ошёни ман сабз шавад.
Чун нахли қади ту аз хаёлам гузарад,
Сад нахли умеди ҷони ман сабз шавад.
Он рӯз мабод, шоире пир шавад,
Аз ҷони худу ҷони ҷаҳон сер шавад.
Чӯед чу маъдан аз дили ӯ сухане,
Рӯзе бирасад, ки ҷустанаш дер шавад.
Эй рӯд, асири соҳилу маҷроӣ,
Занҷир гусаста, роҳ мепаймоӣ.
Ҳарчанд ҳазор чашма оғози туанд,
Дар рӯи замин мусофири танҳоӣ.
Ҳар ғам, ки куҳан шудаст, мо нав кардем,
Бар лахчаи мурда тоза партав кардем.
Дил аз паси ту давиду мо аз паси дил,
Якумр пасопеш даводав кардем.
Ман баъди ҳама завол меоям боз,
Чун мурғи хуҷастафол меоям боз.
Гар баъди ҳазор сол ёдам бикунед,
Аз баъди ҳазор сол меоям боз.
Якчанд ҷавони шӯху саркаш бошем,
Савдозадаи ишқи париваш бошем.
Гӯянд, ки мушти хок монад з-оташ,
То хок шавем, бояд оташ бошем!
Наврӯз расид, ёри дирӯзии ман,
Як бор биё барои дилсӯзии ман.
Ғамҳои ту куҳнаанд, аммо имрӯз
Хуштар зи ғами ту нест наврӯзии ман.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед