Замоне будаӣ гардунсаворе
Аз он ганҷу аз он махзан дареғо,
Аз он сарву аз он гулшан дареғо.
Замоне будаӣ гардунсаворе,
Кунун ғардуна бар гардан… дареғо.
Аз ин баҳру аз ин соҳил чӣ ҳосил?
Аз ин роҳу аз ин манзил чӣ ҳосил?
Чу бошад ҳосили умр оҳу афсӯс,
Намедонам аз ин ҳосил чӣ ҳосил?
Дареғи он шукӯҳи анҷуманҳо!
Дареғи атри аврангу чаманҳо!
Хасоне решаҳо пайванд карданд,
Вале тоҷик дорад решаканҳо!
Тараҳҳум з-осмоне чун тавон ёфт?
Тафоҳум бо фулоне чун тавон ёфт?
Ду тоҷик чун забони ҳам нафаҳманд,
Забоне бо ҷаҳоне чун тавон ёфт?
Нагӯям аз ғами афсурдани дил,
Нагӯям мотами ғам хурдани дил.
Чӣ бок аз мурдани тан, чун аз он пеш
Ҳазорон бор дидам мурдани дил.
Чӣ шуд он покдастиҳо, худоё?
Чӣ шуд он сарпарастиҳо, худоё?
Миёни кӯҳсори осмонсой
Чӣ пастиҳо, чӣ пастиҳо… худоё?!
Ало мотамкада, ғамхори ту ку?
Ало зулматсаро, анвори ту ку?
Гирифтам, хирманатро бод карданд,
Агар оринажодӣ, ори ту ку?
Намебинем айбу иллати хеш,
Биафзоем ранҷу зиллати хеш.
Бародар гар хурад хуни бародар,
Кӣ бошад қаҳрамони миллати хеш?
Ба роҳат чашми раҳпо доштам ман,
Ба ёдат ҷони шайдо доштам ман.
Ба роҳи ваъдаи имрӯзу фардот
На имрӯзу на фардо доштам ман.
Фиғону дод аз дасти ғарибӣ,
Ки бо сад маргу Азроил қарибӣ.
Насибат аз Ватан гар канда гардад,
Ба рӯи ганҷи Қорун бенасибӣ.
Каломи Рӯдакӣ воломақом аст,
Зи номаш халқи мо ҷовидном аст.
Зарафшон то абад гар зар фишонад,
Беҳин кони зараш шеъру калом аст.
Гурезон будам аз шӯру мағалҳо,
Миёни ин ҳама кӯру качалҳо.
Сарамро бохтам андар сари хум,
Диламро рехтам андар ғазалҳо.
Яке пайваст, дигар ҷумла бигсехт,
Яке хоки ду оламро зи ҳам бехт.
Агар пайғамбарон ҳамрой буданд,
Миёни умматоншон хун намерехт.
Зи ишқ афсонае бишнидиву бас,
Гули тасвирро бӯйидиву бас.
Зи авроқи китоби зиндагонӣ
Чу тифлон аксҳоро дидиву бас.