Ҷаҳон бас аз сари одам гузаштаст
Сахар дар барги гул шабнам нишаста,
Лаби ҷӯ духтари сархам нишаста.
Лабони ҷӯ тару лабҳои ӯ хушк,
Вале бо дидаи пурнам нишаста.
Дило, хун шав, ки ёр аз дасти ман рафт,
Зимоми рӯзгор аз дасти ман рафт.
Нагӯям тирамаҳ буду хазон рехт,
Баҳоре дар баҳор аз дасти ман рафт.
Биё. дар ин ҷаҳон бо ҳам бигардем,
Ғаме ҷӯем, то беғам бигардем,
Ҷаҳон бас аз сари одам гузаштаст,
Биё, гирди сари одам бигардем.
Замин зери само бояд бимонад,
Замона бебало бояд бимонад.
Ҷавонӣ бигзарад охир, валекин
Ҷавонмардии мо бояд бимонад.
Ҷаҳони ишқ рӯзу шаб надорад,
Ба ғайри бехудӣ машраб надорад.
Чу шӯрад баҳр дар соҳил нагунҷад,
Бузурғӣ, дӯстам, қолаб надорад.
Сазовори лиқои ту касе нест,
Адофаҳми адои ту касе нест.
Дар ин дунё. ки аслаш бевафоист,
Ҳамоварди вафои ту касе нест.
Туро аз атри гулшан офариданд,
Туро аз нури гулхан офариданд
Дили ман дар суро«и ёри дил буд,
Туро баҳри дили ман офариданд.
Ҳама шеъри ман аз рӯи ту ояд,
Ки рӯи туст рӯи дафтари ман.
Баҳори ошиқон дорад хазонҳо,
Вафои Гуй пушту паноҳу ёвари ман,
Парастори сари бесарвари ман.
дилбарон дорад гумонҳо.
Сари вақт аз сари дилбар бигардед,
Ҷавонҳо, эй ҷавонҳо. эй ҷавонҳо!
Дар оғӯшам биё, эй дилбари ман,
Навозиш кун дили ғампарвари ман.
Вагарна дар суроғи ишқи шоир
Пушаймон мешавӣ баъди сари ман.
Ду чашми бегуноҳи ту маро кушт,
Нигоҳи бепаноҳи ту маро кушт.
Намурдам аз ҳазорон қасду буҳгон,
Як оҳи ту, як оҳи ту маро кушт.
Надонам. ту чи дорн ё надорӣ,
Ҳамин донам, ки бо ман созгорӣ.
Гули рӯят гули гулҳон дунёст,
Баҳор андар баҳор андар баҳорй.
Маро вирди забон карди, ту кардй,
Ҷавонн комрон кардй, ту кардй.
Пас аз як лаҳзаи кӯтоҳи дидор
Ба ҳукми ҷовндон кардӣ, ту кардй.
Гули наврӯзи ман. наврӯзи ман бош,
Ба нури ишқ шомафрӯзи ман бош.
Гар аз ман шеъри пурсӯзе бихоҳй,
Ту ҳам ҷонсӯзу ҳам дилсӯзи ман бош!