Қаҳрамони Ваҳдат
Чун халқи холиқи мо ҳар сӯ зи ҳам ҷудо шуд,
Беҷо ба зери гардун барҷои мо зи ҷо шуд,
Ҳарфи муҳаббати ту, ҳарфи зи ваҳдати ту
Бар ҷумла ҷони хаста монандаи даъво шуд.
Номи туро нависем, эй қаҳрамони Давлат,
Бо оби ноби тилло дар токи кари миллат!
Номус парчамат шуд, то ёди нанг карди,
Дар роҳи сулҳи миллат бо ҷанг ҷанг карди,
Садҳо гиреҳ, кушоди, пайваста қалбҳоро,
Бо меҳр сад бағалро холи зи санг карди.
Номи туро нависем, эй қаҳрамони Ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи карди Миллат!
Ҳар роҳи ту чу роҳи бахти сафеди халқ аст,
Неругаҳат чу барқи чашми умеди халқ аст,
Чун марди ваҳдатовар ҳастӣ саодатовар,
Ҳар рӯзи неки умрат рӯзи саиди халқ аст.
Номи туро нависем, эй қаҳрамони Ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи карди Миллат!
Сад минбари баландат маъвои роз бодо,
Иқболи халқи хешат умре ниёз бодо,
Кӯтоҳ агар бигуем, сӯи саодати халқ
Дастат дароз бодо, умрат дароз бодо!
Номи туро нависем, эй қаҳрамони Ваҳдат,
Бо оби ноби тилло дар тоқи карди Миллат!
Ин мулоқоти поки наврӯзи…
Ин мулоқот, эй мулоқӣ, нест гул задан бар кӯлоҳу тоқӣ! Нест
Чиби ҷашнгоҳ, рафтан ҳам,
Ҳамчу ҳангомирафтан ҳам!
Ин мулоқот кори сангин аст,
Кори як марди заҳматоин аст,
К-аз диёраш зиёиён хоҳад,
Аҳли дил хоҳад, аҳли ҷон хоҳад,
Аз ғаму дарди халқи мо гуяд,
Аз дилу ҷону ҳалқи мо гуяд.
Мо вале будаем дар суҳбат ончунон пурдилу ба он вусъат?
Войи мову шумо!На он сонем,
Войи дигар, агар намедонем!
Мо кам аз хешу беш камзарфем,
Хешхоҳем сахту пурҳарфем,
Ҳарфамон ҳамчу завқамон пир аст,
Ҳамчу нури чароғи тасвир аст
Кай аз он гарм мешавад як дил?
Ҳайфи он шамъ, Ҳайфи он маҳфил…
Лек гарм аст, гарм кафҳомон,
Ё ки дар каф бувад ҳадафҳомон! Дилзанӣ ку?
Ба кафзанӣ хубем,
Бо кафи сахти хеш мекобем ҷумла андешаи мулоимро,
Завқро, фикрҳои солимро.
Ман чи гуям зи ҳоли оқилҳо
Бар тарозуст дидаи дилҳо…
Камдилон лек пур ҳамеунд, дурбинанд,
Дур ҳамеҷӯянд: «Ман намехостам сухан гуям,
Бояд аммо ду-се даҳан ум…»
Ғайри ҳазён дар он суханҳо нест,
Манъи ақл аст, ҳеҷ маъно нест,
Ҳарфи бемаи беҳад аст фақат,
Зишту бадру хушомад аст фақат.
Бо чунин сатхи пасту ҳиммати паст меравад фитрати баланд аз даст!
Ё раб, аз он ҳама ҳазафпора,
Мешавад маҳфилу ҳадаф пора!
Сарвар аз ибтикор мегуяд,
Роҳу тадбири кор меҷӯяд,
Мо дар ин раҳ магар на бо ӯем,
Қарз ғами асли худ намегуем?
Инчунин гар хамуш биншинем,
Дар таракҳо чу муш биншинем,
Ё ки гуему беҳадаф гуем,
Зар ниҳон монаду ҳазаф гуем,
Розҷуро ба чашми кам бинем,
Ростгуро чу муттаҳам бинем,
Мо чи ёрони сарвари мулкем? —
Ёри нодони сарвари мулкем!
Гар зиёии, эй дили сода,
Бо раҳи дил бирав наафтода,
Бо раҳи тозаву ба расми куҳун
Дар худат маҳви бесаводи кун!
Бигзар аз рузгори олимсоз,
Дар худат мактабу муаллим соз!
Дуртар аз вазорати фарҳанг Дар худат кун иморати фарҳанг!
Ин мулоқоти поки наврузӣ расми дилсозӣ асту дилсузӣ,
На куҳанҳарфиву куҳанист,
Ҷои аз дарди дил суханист.
Марди дунёст Сарвари кишвар,
Гӯш надиҳад ба кӯчагӣ дигар!
Хидмати аҳли дил на кафкубист,
Хидмати аҳли дил ҳазафрубист,
Шеъру афкору санъати хуб аст,
Бар дилу рӯҳ, хидмати хуб аст!
Ҳаст эй бас баланд ин минбар —
Минбари халқ, минбари сарвар,
Нест майдони худнамоиҳо,
Касфурушиву худбаҳоиҳо,
Маҳфилаш саҳнаи тамаллук нест,
Сарвари мулк бетааллуқ нест, у тааллуқ ба рости дорад,
Ростиро каҷи намефорад!