Ҳабиб

Магар аз ман бидидӣ иштибоҳе
Ва ё аз ман бидидӣ ту гуноҳе
Чаро ҳарфе намегуӣ ту бо ман
Чаро суям намекунӣ нигоҳе
Чунон душман ба ҷон гаштӣ ки ҳатто
Ту мехоҳӣ ки афтам ман ба чоҳе
Бирехт бар сар дашномат чу борон
Куҷо худро барам ку сарпаноҳе
Ҳазорон душманӣ бар ман кунӣ ҳам
Зи ишқи ту нагардам ҳеҷ гоҳе
Ба фикрам ин ҳама нозу ароз аст
Вагарна қаҳр чаро бик-над моҳе
Зи ин нозу арозат дилбари ҷон
Ҳабиб ҳар дам барорад сард оҳе

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед