Абрҳо месӯхтанд андар уфуқ

Ёд бод он шаб, ки дил бо ёр буд,
Нақди умрам лаҳзаи дидор буд.
Ҳар шарори бӯса аз лабҳои ӯ
Шуълаи барқи ҷаҳони тор буд.
Ахтари мо аз сари гултеппае
Рӯнамои толеи бедор буд.
Абрҳо месӯхтанд андар уфуқ
Моҳи нав чун машъалабардор буд.
Ӯ ба рӯи сабзаҳо по мениҳод,
Хок ҳам аз ишқ миннатдор буд.
Ман диламро дода будам дар кафаш,
Хаста буд, ошуфтаву афгор буд.
Ӯ дилашро дода буд андар кафам,
Гарм буд, озурдаву ғамхор буд.
Лаҳзае аз вақт дуздидем бахт,
Оҳ, бахти ошиқӣ душвор буд.
Чашм бикшодам саҳар, дидам ҳама
Хоб буд, афсона буд, пиндор буд…
1982

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед