Аё модар

Аё модар бирафти дар ҷавони,
Бароям сард гашта зиндагони.
Куҷо шуд хандаву меҳру садоят,
Куҷо шуд он нигоҳи пурсафоят.
Аё модар бирафти аз бари ман,
Ба оби дида тар гашт бистари ман.
Худоё ту бигардон модариҷони,
Шавад аз нав хуршед бар сари ман.
Аё модар ҷахонам бе ту хор аст,
Маро бо ту суруру хам баҳор аст
Биё модар, ки пазмони ту гаштам
Биё, ки духтарат чашм интизор аст!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед