Афсонаи «Ҳасан зад»

Аҳмаду Йӯлдош Ҳасан, Фотима,
Дода ба дарси худашон хотима.
Ваҷдкунон ҷониби саҳро шуданд,
Рафта ба боғе ба тамошо шуданд.

Сояи беду лаби ҷӯ, пеши кишт,
Буд тараб-овару анбарсиришт.
Манзараи сабза равонбахш буд,
Рӯйи замин лавҳаи пуррахш буд.

Бод вазида зи сари бедмушк,
Мушк фишонда ба димоғони хушк.
Абр зада об гулу сабзазор,
Бурда зи рӯйи гулу сабза ғӯбор.

Замзамаи фохтаву андалеб
Бурда зи ҷону диди марду шикеб.
Буд дар он боғ зи ҳар гуна чиз,
Аз гулу аз сунбулу аз мева низ.

Олуву ангуру турунҷу хиёр,
Харбузаву тарбузу себу анор.
Модагав азбаски ба нав зода буд,
Чаккаву қаймоқ ҳам омода буд.

Оши палав буду мураббои себ,
Мантуву угрову кабобу ҳасиб…
Аҳмади доно, ки наӯҳол буд,
Роҳбари зумраи атфол буд.

Гуфт ба атфол, ки: «Эй дӯстон!»
Манзили завқ асту сафо бӯстон.
Шод сӯйи мазраа ҷавлон кунед!
Ҳар чи, ки хоҳад дилатон, он кунед!

Лек бибояд, ки ба тарзи таом,
Ҳар чӣ ки гӯям, бикунедаш таом.
Гар на батартиб танаъъум кунед,
Офияти хеш ҳама гум кунед.

Ҳар кӣ агар гуфтаи ман рад кунад,
Бар хушии ҷони худаш бад кунад.
Хаставу бемор шавад оқибат,
Гиря кунад, зор шавад оқибат.

Ҳам фитад аз «маҷмаа» дар печу тоб,
Ҳам занадӯро Ҳасан аз эҳтисоб.
Эй, ки дилат ҳаст ба дониш гарав,
Гуфтаи чун қанди ман инак шунав:

Ош муайян куну авқот ҳам,
То раҳи аз ғӯса, аз офот ҳам.
Субҳ яке, чошт яке, шом як,
Ҳар шабу рӯзак севу ҳангом як.

Субҳ агар ёфт шавад тухму шир,
Хуб ғизоест, надорад назир.
Ҷой ба қаймоқи пагоҳон хуш аст,
Шир чу ҷӯшонда хурӣ, дилкаш аст.

Чош, ки ҳангоми хуши иштиҳост,
Ҳар чӣ тановул бинамоӣ, равост.
Лек сабук хӯр ту ба ҳангоми шом,
То накунад хоби ту мухтал таом.

Чакка ки дидем, даҳон шуд пуроб,
Хуб бувад, хоса ба ошу кабоб.
Бомазаву зӯр бувад сабзавот,
Оши худ ислоҳ кун аз сабзаҷот.

Мева зи ҳар қисм, ки бошад таом,
Андаки он хуб пас аз ҳар таом…
Сиҳатии худ дӯст бидоре агар,
Гуфтаи ман гӯш кунеду зи бар..»..

Ҷумлаи атфол ба ин панди нағз
Гӯш ниҳоданд ба хушу ба мағз.
Аҳд бубастанд барои амал,
Ҷаҳд намуданд ба рафъи касал.

Лек ба Йӯлдош наёмад асар,
З-ин ҳама гуфтори чу дурру гуҳар.
Худсароӣ оғоз намуд аз нахуст,
Ҳар чик и медид, ҳамехурд чуст.

З-ин ҳама гуфтор тағофул намуд,
Субҳ зи ҳар мева тановул намуд.
Аз паси он зуд бинӯшид об,
Аз паси он харбуза в-он гаҳ кабоб..

Алғараз, ин худсари дур аз тамиз
Хӯрд ба як рӯз чунин чанд чиз.
Оқибати кор ба ҳангоми шом
Хаста шуд, афтод ба бистар таъом.

Печиши ишкам, қаю исло шуд,
Бедилу бетоқату беҳол шуд…
Гашт аз ҳодисаи пур-алам
Шодии атфол мубаддал ба ғам.

Гуфт ба Йӯлдош Ҳасан аз итоб:
— Мукунам имрӯз туро эҳтисоб!
Мезанамат хоҳиши аҳди нахуст,-
Зад ба сараш силии сахти дуруст.

Монд аз он воқеаи бемисол,
Дар даҳани халқ «Ҳасан зад» мақол.
Ҳомаи Айнӣ, ки бад-ин сон суруд,
Мақсади ӯ сиҳатии атфол буд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед