Агар он турки Шерозӣ
Агар он турки шерозӣ ба даст орад дили моро.
Ба холи ҳиндуяш бахшам Самарқанду Бухороро.
Бидеҳ соқӣ, майи боқӣ, ки дар ҷаннат нахоҳи ёфт,
Канори оби Рукнободу гулгашти Мусаллоро.
Фиғон, к-ин лӯлиёни шӯхи ширинкори шаҳрошӯб,
Чунон бурданд сабр аз дил, ки туркон хони Яғморо.
Зи ишқи нотамоми мо ҷамоли ёр мустағнист.
Ба обу рангу холу хат чӣ ҳоҷат рӯйи зеборо!
Ман аз он ҳусни рӯзафзун, ки Юсуф дошт донистам,
Ки ишқ аз пардаи исмат бурун орад Зулайхоро.
Агар дашном фармоӣ в-агар нафрин, дуъо гӯям,
Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакарҳоро.
Насиҳит гӯш кун, ҷоно, ки аз ҷон дӯсттар доранд,
Ҷавонони саодатманд панди пири доноро.
Ҳадис аз мутрибу май гӯю рози даҳр камтар ҷӯ,
Ки кас накшуду накшояд ба ҳикмат ин муамморо.
Ғазал гуфтиву дур суфтӣ, биёву хуш бихон Ҳофиз,
Ки бар назми ту афшонад фалак иқди Сурайёро.