Агарчанде ки будй ҷони ширин

Сӯзам хама дам чу ошиқони шайдо
Аз бахри сурури дӯсгони якто.
Монанди чамин баланду пастам эй дӯст.
Аммо на чу ғай ба неку бад бепарво.
Онон, ки нахондед суруди тоҷик
Ғафлатзадаед аз вуҷуди тоҷик.
Бунёди забони тоҷикӣ худ бошад
Бунёди ҳама буду набуди тоҷик.
Бар шаст даромадам, ба шаст афтодам,
Аз қуллаи ормон ба паст афтодам.
Ман сайди рамидаи тапишҳо будам,
Бо пои худ омада, ба даст афтодам.
Афсӯс, ки зиндагӣ басо зуд гузашт,
Бас зуд гузашту низ бесуд гузашт.
Аз хирмани умр донае нест ба каф,
Беоташу бешарар чу кахдуд гузашт.
Афсӯс, ҷавон набудаву пир шудем,
Дилбанди касе набуда дилгир шудем.
Дар шебу фарози қисмати буқаламун
Ҷустем фарозу оқибат зер шудем.
Илоҳй байни мо ҳоил набошад,
Ба қасди мо касе моил набошад.
Дар он соат, ки ду бедил нишинем,
Миёни мо ба ғайри дил набошад.
Ғами ишқат ба баҳру бар нагунҷад,
Шару шӯрат ба сад маҳшар нагунҷад.
Ғазалҳое, ки аз ҳаҷри ту гуфтам,
Ба сад девон, ба сад дафтар нагунҷад.
Хаёле нест дигар дар сари ман,
Шароре нест дар хокистари ман.
Зи ҳусни ту ба ҷуз ҳузне намонда
Даруни синаи хушбовари ман.
Диламро бурдаву тасхир кардй,
Вале дар кори дил таъхир кардй,
Агарчанде ки будй ҷони ширин,
Маро аз ҷони ширин сер кардй.
Бародарҷон, ба рӯ обат намонда,
Ба ҷону дил табу тобат намонда.
Чунон дар чордеворе асирӣ,
Ки завқи сайри Варзобат намонда…
Ниёзе мар маро бар тарҷ>мон нест,
Аёнро ҳоҷате андар баён нест.
Агар ман ҳамзабони ин ҷаҳонам,
Зи ман беҳ тарҷумоне дар ҷаҳон нест’

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед