АЛОМАТИ АҲЛИ ҶАННАТ
Ҳар киро бошад се хислат дар сиришт,
Бошад он кас бешак аз аҳли биҳишт:
Шукри неъматҳову сабр андар бало,
Медиҳад оинаи дилро ҷило.
Ҳар кӣ мустағфир бувадандар гуноҳ,
Ҳақ зи нори дузахаш дорад нигоҳ.
Ҳар кӣ тарсад аз илоҳи хештан,
Хоҳад ӯ узри гуноҳи хештан.
Маъсиятро ҳар кӣ пайдарпай кунад,
Эзидаш аз аҳли ҷаннат кай кунад.
Эй писар, доим бо истиғфор бош,
В-аз бадону муфсидон безор бош.
Гар кунӣ хайре ба дасти хештан,
Хайри худро вақфи ҳар дарвеш кун.
Як дирам, к-онро ба дасти худ диҳанд,
Беҳ бувад з-он к-аз паси ӯ сад диҳанд.
Гар бубахшӣ худ яке хурмои тар,
Беҳтар аз баъди ту сад мисқоли зар.
Ҳар чӣ бахшидӣ, макун бо ӯ руҷӯъ,
Гар зи по афтодаӣ аз дастӣ ҷӯъ.
Ин бад-он монад кӣ шахсе қай кунад,
Боз майли хурдани он қай кунад.
Бо писар гар чизаке бахшад падар,
Мерасад гар боз гирад з-он писар.
Эй писар, шодӣ зи молу зар маҷӯ,
Он чи касро додаӣ, дигар маҷӯ.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)