Айвони гулфишони туро ёд мекунам

Аз дур ошёни туро ёд мекунам,
Дар ҳар куҷо нишони туро ёд мекунам.
Аз кӯчаҳои шаҳр хаёлӣ чу бигзарам,
Айвони гулфишони туро ёд мекунам.
Аз ҳафт ранги тобиши рангинкамони дур
Садрангии ҷаҳони туро ёд мекунам.
Оғӯшам аз ҷавонию зебой пур шавад,
То чеҳраи ҷавони туро ёд мекунам.
Дар об дида ҷилваи чашми ситорагон,
Чашмони меҳрубони туро ёд мекунам.
Ҳар гаҳ забони хомаам гирад зи изтироб
Лабҳои байтхони туро ёд мекунам.
То бӯи дард бишнавӣ аз шеърҳои ман,
Он дардҳои ҷони туро ёд мекунам.
Азбас дар остонаат мондаст лахти дил,
Якумр остони туро ёд мекунам… 
* * *
Одам агар биҷустаед, одаматон одамак аст,
Ғами шумо куҷо ғаме, ғами шумо ғамкаҳак’ аст.
Дар дилатон, ки сӯз не, сохта нест коратон,
Дар саратон, ки шӯр не, бахти шумо бенамак аст.
Пар накушода навбате, пари шумо шикастааст,
Бар дарс мушт нозада, акди шумо бсдарак аст.
То ба фалак дакка зада дуди тамокуи шумо,
Даври кулаҳ дар саратон нусхаи даври фалак аст.
Беҳунаранд дигарон пеши даҳонатон, вале
Нохунатон шикаставу дуторатон бехарак аст.
Сари ҳисоби хешро наҷустаед соате,
Ҳисобатон аз падару китобатон аз амак аст.
Ҷист накӯиву бадӣ? Чист худию бехудӣ?
Ишкаматон ки сер шуд, баҳри шумо ҳама як аст…
1979

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед