АЛЛА БИГЎ

Алла бигӯ ораста
Гулдастаро оҳиста
Хоҳаракам хоб барад
Гиряҳоша об барад
Алла бигӯ ки шояд
Хоби гулдаста ояд
Як лаҳза гирад ором
Хонаю дари бобом
Нони дегдон насузат
Гови ало нахӯсад
Гӯсола нагурезат
Шири хурма нарезат
Нагират таги палав
Бо меҳмони деҳи нав
Очат пурсупос кунад
Нафасашро рост кунад
Момояд гап-гап кунад
Додоят ғанап кунад
Алла бигӯ Ораста
Хоҳаракам оҳиста

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед