АЛҚАСВА
Дар шаби меъроҷ
Пайғамбар ба даргоҳи худо рафт.
То биёрад хатти чак бар мардуми ҳамнавъи худ
Аз замин сӯи само рафт.
Дар шуои моҳи шаб ёли Буроқ
Зарҳалӣ буд.
То бари аҳли замин орад китоби осмонӣ
То фалак пар мекушуд.
Карда бас таййи мароҳил, ёфт даргоҳи худо.
Дод Қуръонро худо баҳри расул.
Бозгашт ӯ бо китоби осмонӣ бар замин,
То кунанд аҳли замин онро қабул.
Бозгашта бар замин дид, эй аҷаб,
Дар тавила уштураш – Алқасва нест…
Ин кори кист?
Дар замине, ки ягона ӯ расули ҳақтаолост,
Уштураш – Алқасва нест?!
Бонг зад пайғамбари мо, хашм кард.
Дӯстонро бонг зад: Алқасва ку?
То рамақ аз ҷонатон бошад, ҳама
Ҷустуҷӯ созед, ӯро, ҷустуҷӯ!
Зери лаб хандидаву дастак зада
Талҳаке мегуфт аз роғи даре:
Бо худо дар осмон дорад сари суҳбат, вале
Уштури худро намедонад куҷост…
Эй хушо пайғамбарӣ!…
Ҳаббазо пайғамбарӣ!…
* * *
Ё шабе дар оғуши ёр,
Ё шабе аз теғи ағёр,
Ё ки бо пои равон бо ҳукми тақдир
Ногаҳон дар роҳи ҳамвор,
Дар куҷо мемирӣ охир
Шоири шӯридахотир?
Ё сияҳмасту гаронҷон
Дасте андар мӯи печон,
Дасте андар рӯи фармон2 вақти шабгир
Роҳи Варзобу Харангон…
Дар куҷо мемирӣ охир
Ошиқи шӯридахотир?
Ё шабе аз сактаи дил
Аз ғами дил пой дар гил,
Ё шитобон ҷониби фардо нафасгир,
Ё ба ними роҳи манзил,
Дар куҷо мемирӣ охир
Лоиқи шӯридахотир?
3.11.1980