Ҳама
Рузи Истиқлоли миллат буд моро ормон,
Бехалал иқболи миллат буд моро ормон,
Руҳи мо шод аст ин дам аз замин то бар само,
Чун ба Истиқлолу иқболаш расида халқи мо.
Зинда бод он кас, ки зинда расми нангу ор кард,
Тахтро барҷову бахти халқро бедор кард,
Ормони ҷони моро бо ҳақиқат ёр кард,
Дар раҳи иқбол Истиқлолро подор кард!
Шарҳи худро нависед