Ҳама доранд аз моли ҷахон

Ба ёди рафтагон овоз кардам,
Ба роҳи рӯҳашон парвоз кардам.
Ман анҷоми ҳаёти мурдагонро
Зи субҳи умри худ оғоз кардам.
Лаби ҷому лаби ҷононаам ку?
Лаби бому кабӯтархонаам ку?
Кабӯтарҳо ҳама ҳар сӯ париданд
Сабабгори дили девонаам ку?
Маро ё зуд ё дер офариданд,
Маро ҷавшан ва ё тир офариданд.
Ба дарду бар ҷароҳатҳои дунё
Паи дармону тадбир офариданд.
Диле дорам, ки лабрези суруд аст,
Саропо ларзаи амвоҷи рӯд аст.
Ниёзу нози ӯ бар дӯши умрам,
Ба ҳар роҳе равам, ноозмуд аст.
Ниҳоли умр пайванде нагирад,
Аҷалро ақл дар банде нагирад.
Ғанимат, эй ҷавонон, панди пирон,
Ки аз пирон аҷал панде нагирад.
Биё, эй дӯст, қадри ҳам бидонем,
Ки ҳоло навхатДшӯху ҷавонем.
Ҷавонӣ чун ниҳоли гул набошад,
Ки онро ҳар баҳор аз нав нишонем.
Яке андешаманду худгаре буд,
Дигар инсони инсонпарваре буд.
Яке баъд аз вафоташ пайкаре ёфт,
Дигар дар зиндагонй пайкаре буд.
Саҳар дарё чу тифли тозарӯй аст.
Чу шеъри тар бубинӣ оби ҷӯй аст,
Барои дидани дидори хуршед
Миёни баргҳо хуш гуфтугӯй аст
Дар ин дунё агар дунё надорӣ,
Сари пуршӯру пурсавдо надорӣ,
Аз ин як рӯзи кутоҳат чй ҳосил,
Дар имрӯзат агар фардо надорӣ?!
Зи оҳан одами оқил насозанд,
Зи фӯлод одами комил насозанд.
Бисозанд офтобу моҳи маснӯъ,
Чу мо инсони соҳибдил насозанд.
Лаби дарё сафои рӯҳу ҷон аст,
Дили дарё ҷаҳони бекарон аст.
Хурад мавҷе сари мавчи дигарро,
Вале дарё равон асту равон аст.
Касоне, ки ғами дунё надоранд,
Ба сар андешаи фардо налоранд,
Ҳама доранд аз моли ҷахон. лек
Дар ин дунёи равшан чо надоранд.
Ҷаҳон майдони исёну набард аст,
Дар ӯ тавъам ҳама дармону дард аст.
Биёбонгардро гоҳе барад об,
Ба хушкӣ ғарқ гаҳ дарёнавард аст.
Тулуи бахти мо аз синаи мост,
Умсду орзу ганҷинаи мост.
Нумӯи кишти фардои ҷаҳонҳо
Зи тухми кишгаи деринаи мост.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед