Ҳама филфавр домони ту гиранд

Рахат аз кӯи ман дигар шуд, эй гул,
Нихоли ишқи мо бебар шуд, эй гул.
Дили санг об шуд аз нолаи ман,
Дили санги ту сангинтар шуд, эй гул.
Биё, ки бишмарам чини ҷабинат,
Кунам ёди ҷамоли нозанинат.
Замоне ҳамнишини Моҳ будӣ,
Ки овард инчунин рӯи заминат?
Ниҳоли қоматат бустони умр аст,
Хаёли диданат исёни умр аст.
Ман аз он байтсозй дӯст дорам,
Ки байти абруят девони умр аст.
Ситора мефитад аз боми гардун,
Дили мо меравад аз сина берун.
Нафаҳмӣ зиндагиро, хуб зебост,
Агар фаҳмӣ, надорад ҳеҷ мазмун.
Яке якумр бопарҳез бошад,
Яке чун санги оташхез бошад.
Яке чун пухтаи полиз ширин,
Яке чун лошаи полиз бошад.
Гурӯҳе мансабу ҳангома доранд,
Талоши рутбаи аллома доранд.
Агарчи худ муваққат, лек бар мо
Зи номи вақт садҳо нома доранд.
Гули гулдони мо пажмурда, эй гул,
Дилам аз ҷабри ту озурда, эй гул.
Маро нашносиву рӯзе биёбй
Саропо дит, валекин мурда, эй гул.
Касе нагзашта дарсн мактаби дил,
Надонад матлаби дил, мазҳаби дил.
Шабу рӯзи худо бисёр, лекин
Манам қурбони \ар рӯзу шаби дил.
Ғизоли саркаши ошиқгуреъзм,
Биё, дар пеши поят ҷон бирезам.
Чи хушбахтам агар як байти бӯса
Ба рӯн коғази рӯят нависам.
Ту фарди хеш ҷустӣ, банда фардо,
Ту ҷустй моли дунё, банда дунё.
Зи дунё ҳардумон рафтем, аммо
Ту аз чоҳ об хурдй, ман зи дарё.
Кй ҳастиву чй ҳастй худ надонй,
Надорӣ ҳамзабону ҳамзабонй.
Ба дӯши ту агар бори ҷаҳон нест,
Чаро ту бори дӯши ин ҷаҳонй?
Зи шинохези пурмағрури дарё
Набинй ранҷи роҳи дури дарё.
Касе, ки шӯри дарёӣ надорад,
Намебинад. чӣ дорад шӯри дарё.
Худоё, ҷумла фармони ту гиранд,
Тариқу роҳи имони ту гиранд.
Табибе гар кушад бемори худро,
Ҳама филфавр домони ту гиранд.
Гумон кардем, ки ӯ маҳзи камол аст,
Ва ё ҳам бартар аз хадди хаёл аст.
Чу аз дунболи ӯ рафтем, дидсм,
Ки дар дунболи ӯ на дум, на бол аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед