Ҳама:
Ормони мо ҳама озодии ин халқ буд,
Шодии ин халқ буд, ободии ин халқ буд,
Дар раҳи душвори қисмат ваҳдати ин халқ буд,
Бо талош осон намудан қисмати ин халқ буд.
Ин раҳи тақдири худро мо ба сар бинваштаем,
Мо дар ин раҳ борҳо аз ҷони худ бигзаштаем.
Ман дар ин раҳ бурдам аз ёд, эй азизон, хурду хоб,
Чун раҳи қисмат навиштам сатрҳо пурпечутоб,
Халқи ман, гуфтам, зи хайли шаҳриёрон будааст,
Буда худ номаш далел — аз тоҷдорон будааст.
Як набудам ман, валекин марди майдон ҳам шудам,
Бо ҳазорон бебасар дастугиребон ҳам шудам.
Гуфтам, эй тоҷик, тоҷи хешро соҳиб бишав,
Он шукуҳу эътибори пешро соҳиб бишав!
Панди устоди бузурги халқам андар гӯши ман,
Азм бинмудам зи ҷон бар хидмати халқу Ватан.
Аз рахи таърих овардам китоби «Тикон»,
Наклҳо кардам зи таъхиру шитоби тоҷикон,
То шавад панде ба насли ҳозиру ояндааш,
То бубинам дар ҷаҳон огавдилу пояндааш.