Анбори гандум — ғалла

Ҳосил омад бекарон,
Шуд пуру паймон ватан,
Хурраму хандон ватан.
Ҳаркуҷо анбор буд,
Ё тиҳӣ як ғор буд,-
Шуд пуропур аз мавод.
Тӯй сар карданд шод.
Лек хирманҳои дашт
Баъди ҳупҳо, ки гузашт,
Монда беҳад ғаллаҳо,
Нокашонда дар саро.
Аҳли фазлу окилон,
Чанде аз равшандилон.
Машварат оростанд,
Як башорат хостанд,
Бар қароре омаданд,
Бар ҳама омад писанд. –
Монда хосилҳои дашт,
Ҳамчу каҳ болои дашт,
Лойи деворе кушанд,
Пахсадеворе зананд.
Дасти одам ё ки нам
Н-ояд андар вай ба ҳам,
Он напӯсад солиён,
Ин ба доноён аён.
Барфу бӯрону шамол,
Не малах орад завол,
Гарчи бар он мерасад,
Он ба авлодон рассад.
Аз куҷо донем мо,
Зиндагӣ орад ҷафо,
Одамизода аз он
Ҷон бигирад, бегумон.
Ёде аз мо мекунанд,
Дил фарархо мекунанд.
Арзанин деворамон
Пойдор аз он замон.
Достонхон, ҳамзамон,
Нест бар моён аён:
Аз гузашти халқи мо,
Яъне, Одил ном шо,
Дида хоби ростон,
Рост ё не ин замон,
Арзанин деворамон
Барқарор аз он замон.
Мурғакон дар каҳратун
Зинда аз он дону дун.
Хонадон зиндон бувад.
Хӯрдани ноне намонд,
Нон куҷо, доне намонд.
Молу ҳоли монда халқ
Кушта андозат ба халқ.
Гушнагӣ ояд пасон,
Эҳтиёҷе бар касон.
Домана, дарди вабо –
Дардҳои бедаво.
Чун тавон кардан даво –
Ноилоҷ он… вой — во.
Бандаҳо, тарсед аз ин,
Эй ходои оламин!
Хотири худ ҷамъ дор,
Ғам мадеҳ дил, шаҳриёр.
Гар Семурғат кард амал,
Хомиёна аз азал –
Он қавӣ тадбиркор,
Гар бидонӣ чашми кор,
Доимо ёбӣ барор.
Ин табиӣ офат аст,
Бо касофат решабаст,
Меравад оҳиста он,
Камасар ҳам ноаён.
Яъне вақт аз каф мадеҳ,
Ганҷ беҳуда манеҳ.
Оқилона кор банд –
Халқ бошад корманд.
Мардумат соҳибватан,
Бошад он як ҷону тан.
Сахтакак бандад камар,
Гашта машғули ҳунар.
Соҳили дарёю сой,
Сел хавфангез ҷой
Гӯ, бибандад хорасанг,
Дар ҳамин дам бедиранг.
Халқ кӯчад дар паноҳ,
Карда манзилҳо бино.
Омади гап, эҳтиёт,
Гӯ, канад чоҳи наҷот.
Аз ниҳолон кун катор –
Аз сада, толу чинор.
Қаҳри бӯрони дамон,
Шасти одамтози он
Токи гардонад даме,
Карда оромаш каме.
Халқ ҳар чӣ дар бисот
Дорад – аз нуқлу набот,
Гандуму ҷав, дону дун,
Нони қоқи булфузун,
Шолию арзан, зағир,
Гӯ, хама ғун карда гир.
Аз барои эҳтиёт,
То намонад баъд мот…
Шаҳ биёмад боргоҳ,
Халқро дод иттило:
Ҳар тараф чопар давид,
Бурд фармону навид.
Дар тамоми мамлакат
Паҳн шуд як машгалат.
Халқи меҳнатдӯст зуд
Кӯшишу ғайрат намуд.
Гуфтаҳои пирро,
Пири ботадбирро
Ҷумла бар ҷо оварид,
Шоҳи худ хурсанд дид.
Дар ҳамон сол ончунон.
Чор павмешин арин
Беқиёс офат бувад,
Аз бадӣ сад бор бад.
Яъне дар ин рӯзу шаб,
(Шубҳа манмо ту ба гап:
Зоти инсонро Вуҷуд
Имтиҳон хоҳад намуд,
Дар табиат ин гап аст,
Дар табиат матлаб аст).
Пайҳам ояд чор сол,
Бадтар аз ҳам, дар мисол,
Аввалаш, бӯрони сахт,
Хеҷ гаҳ маншин карахт,
Некие манмо умед,
Боядат тайёрӣ дид.
Онқадар борон занад,
Сою дарё ҷон канад.
Ҷӯшу туғён раҳ канад,
Бетамизиҳо кунад.
Хонаҳо бозӣ бар ӯст,
Хорасангаш мағзу пӯст.
Ҳар дарахте хас бар ӯ,
Незанад бар чор сӯ.
Аз нафас оташ дамон,
Аз Семурғ он дав – давон,
Ҳар тараф оташ занд,
Мурдаҳоро латмазан.
Дон, ки инак – хушксол,
Гушнагӣ, даҳшат – мисол.
Дар баҳору гармиаш
Нест гардад нармиаш,
Дар забонҳо номи об
Хушк мемонад, биёб.
Қатра обат орзӯ,
Туф наёбӣ дар гулӯ.
Кӯлҳо хушкида, бин,
Нам на дар чоҳу замин.
Кир гашта молу хол,
Ташнамурданхои мол –
Рӯи роҳ афтад, мурад,
Не амон чоне барад…
Душманӣ се, пай барӣ,
Яъне носерамхӯрӣ
Аз хӯриш касс сер нест –
Чораи тасвир нест –
Селаи ояд – малах
Дар замину дар дарахт.
Пӯшад афти офтоб,
Пеш тозад бо шитоб.
Кас набитвон роҳ баст,
Не бар ӯ додан шикаст.
Ҳар чӣ рӯяд аз замин, —
Боғу барги махмалин,
Мевазору киштукор,
Ё ки марзу марғзор
Мешавад онро хӯрок,
Мекунад олам халок.
Одамӣ ночори ӯ,
Пеши ӯ афгори ӯ –
Зистанро не илоч,
Ризку рузи – эхтиёч.
Хасми чорум, бо маос
Говмеш орад ҳарос.
Восвос ин, на маос,
Одамон доа восвос.
Аз ҳама ин бадтарин,
Ин қирони одамин.
Аввалин се офате
Пеши ин не офате!
Хар макон урён бувад,
Дӯхт, чун доно ба чарх.
Гуфт: «Баччам, бехуда
Ранҷ додастӣ худа.
Дар хамон субхи сафед
Назди манн меомадед,
Маъниаш оинавор
Гуфтаме ман беғубор.
Гуфта медодам кушод,
Мешудӣ бисёр шод.
Хайр, афсӯсе махӯр,
Вақти мо ҳолост пур.
Вақташ омад, подшоҳ,
Мекунам огаҳ туро –
Карданам олоҳ карз,
Қарз не он, балки фарз.
Синни манн аз сад гузашт,
Ин сари сангам ба дашт
Чи замонҳое надид,
Нағмахонҳое надид.
Ман фиқири панҷ шох
Будаам, олам паноҳ.
Рӯзи шод афрухтам,
Рӯзи андӯҳ сӯхтам.
Бар асорат хасм хест,
Халқро тоқат гусехт,
Синаро кардам сипар,
Кандам аз душман ҷигар.
Бандаворӣ гаҳ фурӯхт,
Гоҳ дар зиндон бисӯхт.
Дар муромурҳо намурд,
Дар вабо асло намурд,
Ин дили ман ҳиссае;
Бишнав азман қиссае:
Донӣ, савдои хаёт –
Ин набарде бо мамот…
Гул шукуфта пажмурад,
Зист мардум, мемурад.
Мешавад обод хок,
Ошиён гардад халок.
Баъди серӣ гушнагӣ,
Мерасад ҳам ташнагӣ.
Огаҳам сисола тахт,
Маснади пирӯзабахт
Манзили ободиё,
Ҳукмронӣ, шодие.
То наранҷӣ, шоҳ, боз,
Мулк ёбад инқироз.
Хамлаворӣ мерасад,
Боди санҷиш мевазад.
Хуши худро чамъ дор,
Хобу таъбираш гумор.
То бичӯям чорае,
То биҷюям чорае.
Хоби султон, аввало
Не ба танхоӣ варо
Дехлдор асту халос,
Рамаҳо дорад, шинос:
Некие ё худ бадӣ,
Ҷанг ё худ мурдатӣ,
Ҳар касофатро зи пас
Офате дорад чарас.
Карданӣ таҳдиди ӯ
Бурдани шаънаш фурӯ –
Яъне ду халқи диёр,
Умру ҷони ифтихор
Мерасад сангин хатар,
Аз хатар ҳам он батар.
Ҷонварони бадтарин —

 

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед