АНДЕШАҲО ДАР САРИ СУБҲ

Домони осмонро бо шӯълааш дарида,
Хуршед чеҳра бинмуд чун духтари ҳамида.
Бо худ ба ман чӣ орад ин субҳи навдамида?

Кӯтоҳ умри одам аз умри зоғу каргас,
Лоиқ набуд он ҳам додан барои ҳар кас.
Бар ҷои чанд ношуд беҳ як каси расида.

Аз пой то сари ман меҳр асту эътиқод аст,
Саҳни дили сафедам бар дӯстон кушодаст.
Аммо наёбад онро шахси ба маҳ расида.

Аз буда сер нею нобударо ситоем,
Худро зи ранги таъриф хушрӯйтар намоем.
Доим бузург хонем нодидаро зи дида.

Фарзу яқини бисёр андар китоб дарҷ аст,
Нақди гарони қисмат аз баҳри нася харҷ аст.
Моро зи мо биҷӯед, на аз гапу ақида.

Бар зулфи кист шона ин панҷаҳои бозам?
Бар сӯи кист охир ин роҳи бас дарозам?
Оё равам ман аз худ чун гесуи бурида?

Меҳроби эътиқодам шуд вожгун, дареғо!
Пои салим афтод аз раҳ бурун, дареғо!
Бо «ман» маро бубастанд якчанд баргузида…

Арзам фузун зи ахтар, гуфтан наметавонам,
Тарсам, дареғ гардад ҷону дили ҷавонам.
Дар худ ниҳон чӣ дорад ин субҳи навдамида!?

5.12.1964

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед