Апаҷон

Апаҷони нағзи ман,
Бодоми думағзи ман.
Имшаб шаби туятон,
Монанди маҳ руятон.

Апаҷонам ба мошин биё,
Ҳамроҳи мо шин.
Хонаи нав мебарем,
Хону палав мебарем.

Бо нағмаи дафу тор,
Бо суруди ёр-ёр,
Бойчечаку бойчечак,
Апаҷонам келинчак.
Соли дигар ҳамин вақт.
Меҷунбонад белинчак.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед