Ҳар кӣ қасди тирагии барқи рухсорат кунад

Одамизодам, барои одамин ҷон меканам,
Канда шуд гар риштаи ҷоне зи кин, ҷон меканам.
Ахтаре гар канда шуд аз осмон, тақсир нест,
Гар умеде канда шуд андар замин, ҷон меканам.
Сад ҳазорон Ковусу Кай мон, ки аз тахт уфтанд,
Рустаме гар уфтод аз тахти зин, ҷон меканам.
Бо садои хандаи ҳар кас дилам гул мекунад,
Баҳри ҳар ожанги рӯи нозанин ҷон меканам.
Бингарам ҳар ҷуфти ошиқро, зи нав ошиқ шавам,
Бишнавам ҳар ҷо видои вопасин, ҷон меканам.
Чун Уитмен бо ҳама бемор таб гирад маро,
Бо ҳама миранда дурам ё қарин, ҷон меканам.
То даме як барг дар боғи умедам пар занад,
Баҳри фардои Ватан мисли Хатин ҷон меканам
1979 
* *
Хор дар чашми касе, гар як нафас хорат кунад,
Зор мирад дар бало ҳар кас, ки озорат кунад.
Рӯзгораш рӯи файзеро набинад то абад
Ҳар касе ношукрие аз файзи дидорат кунад.
Рӯзи хурсанди набинад дар ҷаҳони зудсер.
Дилфигори ғам шавэд, ҳар кас дилафгорат кунад.
Ҳар кӣ субҳи бахтро аз чашми бедорат наёфт,
Хоби маргаш беҳ, ки заҳри чашми бедорат кунад.
Тешаи барқаш занад аз осмони тирарӯй,
Ҳар кӣ қасди тирагии барқи рухсорат кунад!
1979

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед