Ҳар нафас бикшоям

Ҳар нафас бинам зи чашми шӯхи ту нози дигар,
Ҳар нафас бикшоям аз даври лабат рози дигар.
Ҳар кадар бо ту бубинам кишвари афсонае,
Ҳар сахар бо ту кушоям боли парвози дигар.
Гарчи ҳар дидори ту бошад маро эъҷози бахт,
Бинамат бори дигар, ёбам сад эъҷози дигар.
Он қадар овози ту дар гӯши ҷон биншас гааст.
Гӯй зери чархи гардун нест овози дигар.
Ишқи моро, ки чу ганҷи кӯҳсорон сармад аст,
Нест анҷоме, вале ҳар лаҳза оғози дигар…
Мову ту ду қитъаи озодихоҳи қисматем,
Ҳар нафас ҷони дигар дорему ҷонбози дигар.
Ман дигар дилошноеро намеёбам чу ту,
Ҳам ту мисли ман ыамеёбӣ газалсози дигар.
1986

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед