Арзи фарзанд
Модар, сари қабрат омадам боз,
Бо меҳру муҳаббат омадам боз.
То мужда зи фасли гул расонам.
Гул чинаму рӯйи қабр монам.
То пеши ту шарҳи ҳол гӯям,
Аз қисмати худ мисол гӯям.
Эй пораи қалб гуфта будӣ
В-эй чораи қалб гуфта будӣ.
То заҳри азоби дил шавад нӯш,
Ҷӯ канда зи оби ҷӯйи худ нӯш.
Хоҳӣ, ки зи ёди лавҳи мардум
Номат нашавад дар ин замон гум,
Мебош мудом ғамбарораш,
Бардор ба дӯши хеш бораш.
Дар бар рӯҳи пастҳимматӣ нӯш,
Аз баҳри баландномӣ мекуш…
Ин панди ту гашт нарлбонам.
То ки ба баландӣ пой монам.
Бишкуфт ниҳоли орзуят.
Во гашт гирехҳ ҷустуҷӯят.
Ҳоло ҳама модарони дилбанд
Хонанд маро ба хеш фарзанд.
Гӯяд сухан, садоят ояд,
Савти нави мудаоят ояд.
Имдодгарӣ ҳанӯз моро,
Чун аввала чокдӯз моро.
Модар, ана боз омадам ман,
Бо рӯйи ниёз омадам ман.
Баргӯй чӣ кор карданамро,
Аз нав чӣ қарор карданамро…