Ашк
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Ки тавонам ба нафас ҳам гӯям,
Дасти ман кутаҳ нест,
Ихтиёрам ба забонбозии шаҳ нест.
Аз гадоӣ сари сӯзан дуррам,
Меҳрпечидаи сад фағфурам.
Ошное, ки маро дарк кунад,
Дар шабистони нукотам хуфтаст.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Гули бишкуфта чи донад арақ аз шабнами худ,
Субҳ он дар, ки кушодаст, бибандад бозаш,
Дилаки хуфта чи донад ба нигоҳе розаш?
То нагӯӣ, зи пушаймонӣ ду чашме нам буд,
Ки маро гумшудае ҳасту хато дарёбам.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Пушти танҳо шуданам анҷуман оростаанд,
Аз хазонам пари товус бифурӯшанду бинозанд,
Бар сари ақл чи девонагиеро ҳама бозанд.
Пои тадбир ба як обилаам мепечад,
Ин нишонест аз он манзили бе ному нишон.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Ибрат ойинашумор аст ба бишкастани як ҳарфи вафо,
Хонае бар лаби дарё ҳама созанду саховат ҷӯянд,
Бехабар ин, ки зи дарё ҳама як рӯз бирӯянд.
Чашм аз гавҳари маънӣ чу бибанданд, надонанд,
Ки яке сабза шудан низ ғанимат бошад.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Мустаҷоб омада имрӯз дуъое, ки ба фардо бинамоям:
Ҳар кӣ сангам бизанад, қуфли гарон бар дили ӯ,
Ҳар кӣ рангам бизанад, ранги ҷаҳон бар дили ӯ.
Аз саро то ба Сурайё нигарам,
Ки маро ёр ба як ханда саломе гӯяд.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Ҳирси Одам зи биҳиштам овард,
Бар сари хӯшаи гандум.
В-ин аҷаб, дӯст ба сад мулки ҷаҳонам бифурӯшад,
Лек бо як ҷави рӯидаи киштам нахарад.
Бар сари ман бихурӯшад,
Ки маро бори гаронӣ.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Ваъдаро боз ваъид аст пайи солу пайи моҳ.
Хона бунёд надорад ва яке бому ду дар,
Аз дили туст, ба он хишт бимонӣ ҳам сар.
Омадан буду набуд асту ба рафтан нозад,
Қумрӣ аз шохаи бишкаста ба ку-ку бозад.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Ҷонамозам сари як санг шудаст.
Падарам фотиҳаро паст бихонад ба дили шаб,
Ки мабодо зи садои пое
Тарс рӯяд ва яке таб
В-аз дили таб бирасад гумшуда фарзанд бо овои «падар!»
Ва набинад чашмаш,
Нашнавад ҳам гӯшаш,
Он гаҳ ар гиря кунад, роҳи варо мебандад.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Ки ба як сина сухан гуфтани он амри маҳол аст.
Себаки сурх талабгори равоқест баланд,
Модарам мурғаки бирёншударо кард писанд.
Ман ба ширинии афсонаи ӯ дил додам,
Бехабар ин ки ба афсона аз ин хона бадар шуд.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Оҳ, бахтам шӯр аст,
Бенамак аммо даст.
Гар зи по меуфтам, хандаро рӯи хиҷолат бибарам,
Шармро аз гулаки коғазию бод ба ҳасрат бихарам.
Ошноӣ на чунон буд, ки пиндоштамаш,
Офтобам на ҳамон буд, ки бишнохтамаш.
Достоне ба дарозии раҳи ашк марост,
Ки тавонам ба нафас ҳам гӯям,
Лек ашкам нагузорад,
К-аз ҳама пештарак мегӯяд,
К-аз ҳама бештарак мегӯяд
Ва ҳама шарҳ аз он оҷиз аст.