АШКҲОИ САНГБАСТА

Ҳеҷ медонӣ ту эй Помири ман,
Эй фурӯғи чашми ман, тақдири ман,
Лаъли кӯҳи ту, ки аз наздику дур
Чун ситора медурахшад дар назар,
Лаъл набвад, набвад оташпорае
Шӯълавар дар синаи кӯҳу камар,
Сангбаста дар давоми асрҳо
Қатраҳои ашки хунини ту аст,
Зиннати имрӯзи ту, фардои ту,
Шоҳиди дирӯзи сангини ту аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед