ҚАСИДАИ МОДАР

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,
Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.
Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,
Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.
Гар шеъраке сурудам аз буду аз набудам,
Дар тинатам сиришта сӯзу навои модар.
Оғози офариниш дар раҳми ӯст, з-ин рӯ
Сад достон барояд аз як ҳиҷои модар.
Ман як нафас набошам бе ёди зоти қудсаш.
Аз сарсупурдагонам, ҷонам фидои модар.
Аз сатвату зи шуҳрат гар бар фалак занам сар,
Таъзим мекунам боз дар пеши пои модар.
Хира бар он касонам, к-аз хештан ризоянд,
Як бор ношунида ҳарфи ризои модар.
Ғофил аз он. ки хуршед аз Шарқ барнахезад,
Бошад тулӯъгоҳаш аз хокҷои модар.
Гардун сафо надорад. чашмаш зиё надорад,
Гар дар замин набошад нуру зиёи модар.
Дунё бақо надорад, аммо ба рағми сад марг
Бошад Ьақои олам махзи бакои модар
Монад замин зи сайрон, афлок ҳам зи даврон,
Гар як нафас наҷунбад дасти сахои модар.
Дунё чи норасо буд, ҳастӣ чи носазо буд,
Халлоқ гар намебуд меҳри расои модар.
Тобад замини паҳно чун дашти хушксоре.
Ашке агар нарезад аз дидаҳои модар.
Як ахтаре нарахшад дар тоқи чархи мину
Бе шуълаи нигоҳи толеънамои модар.
Беинтиҳост дунё аз он, ки сӯи некӣ
Ҳеҷ интиҳо надорад ҳеҷ ибтидои модар.
Ҷуз чордарди зодан дарди дигар нахоҳад
Аз чор самти дунё ояд садои модар.
Шоҳу гадо намонда дар ахди мо, валекин
Мурданд ҷумла шоҳон охир гадои модар.
Ғамхору ғамшарикон аз мӯи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷои модар.
Гар шоирони олам якҷо мадеҳа гӯянд,
Як байт ҳам наарзад андар санои модар.
Аз мармару забарҷад гар пайкара тарошанд,
Кай мекунад таҷассум ранҷу анои модар
Фарзандгони хомаш кайҳонкушоӣ карданд,
Аз як нигоҳи дилкаш ё дилкушои модар.
Тифлони ғарқи ганҷаш дарёфтанд охир
Дунё ҷаве наарзад андар баҳои модар.
Оламситонаконаш, гарданшикастагонаш
Рафтанд, чун шикастанд аҳду вафои модар.
Дар ҷангҳои дунё уммедҳош мурданд,
Ҷовид лек зиндаст уммедҳои модар.
Дарду балои дунё бигрифт модари зор,
Нагрифт лек дунё дарду балои модар.
Гоҳо ҷафо кунад то одам шавем, илоҳо,
Дигар ҷафо намонад ғайр аз ҷафои модар.
Тс як шаванд халқон дар зерн чархи гардон,
Бинед, яккатозон қадди дутои модар
Гамноку хокбарсар з-онам ки ҳафт дарё
Аз гиря ЧУН нахушкад рӯзи азои модар’9
Оҳу дод аз зиндагй, умри ҷавонам меравад,
Бо ҳама ному нишон, ному нишонам меравад.
Ошиқӣ шӯридагӣ, девонагӣ, фарзонагӣ
Аз дарахти умр чун барги хазонам меравад.
Гуфта будам ман намемирам, ғурури ишқ буд,
Оқибат мемираму бо ман ҷаҳонам меравад.
Бо фиғони дил ҷаҳонро пушти сар хоҳам гузошт,
Пеш-пеши ман ба гӯристон фиғонам меравад.
Мисли ҷон аз пайкари фарсудаю беҳоли ман
Ишқи маҳрӯён зи дил, шеър аз забонам меравад.
Дар дили хоки сияҳ бо орзуҳои сафед
Он дили дар байни дилҳо тарҷумонам меравад.
Модари дунё сияҳпистони бепарводил аст,
Аз канори сарди армои ҷонам меравад.
Марги ман марги тани ман нест, аз дунболи ман
Корвони орзую ормонам меравад…
1983

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед