АСПИ КИШАНБАНД

Аспе дар марғзори хурраму сарсабз
Чун ҳайкал истодаву хомӯш аст.
Он ба алафҳо намезанад даҳане ҳеҷ,
Сар боло кардаву саропо гӯш аст.

Гарчи ҳавои чаҳорхезаш бошад,
Лек куҷо чорае, ду пояш банд аст.
Ёбад рӯзе агар зи банд раҳоӣ,
Сумби ваю дашти осмони баланд аст.

Гарчи ба гардаш ба пойгаҳ нарасад кас,
Пой гузорад чу пошикастае акнун.
Мавҷ занад уфқи сабз пеши нигоҳаш,
Дашти дили ӯст лек хун андар хун.

Ёли шафақранги ӯ ба зер овезон,
Пур шуда чашмаш зи оби ҳасрату андӯҳ.
Гашта чу сандуқи ғусса синаи паҳнаш,
Мезанад аз по варо гаронии сад кӯҳ.

Домани дури уфуқ варо хонад боз,
Чун расад он ҷо, ки хира бинад бо чашм.
Чун натавонад касе кунад озодаш,
Аспи кишанбастае ба ман гирад хашм.

Ғуссаи дилро физояд аспи кишанбанд,
К-асп натозад, шавад хари бекоре.
Домани ин дашт пойгоҳи умед аст,
Банд аст аспу куҷост шоҳсаворе?!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед