Аз ту

Аз ту, эй шердилу сафдару бебок, афсӯс,
Нараҳидӣ ту ҳам аз зарбати афлок, афсӯс.
Рӯи ин хок чу аз тирадилон тира шудаст,
Бо дили пок бирафтӣ ба дили хок, афсӯс.
Бо дили пок бирафтӣ ба дили хоку бимонд
Боз дар рӯи замин зумраи нопок, афсӯс.
Ту дар ин гӯшаи намнок фурӯ хуфтиву мо
Боз мондем ба сад хотири ғамнок, афсӯс.
Ҳар қадар саркашию маргситезӣ кардӣ,
Марг ҳам тохт ба ту чобуку чолок, афсӯс.
Дарки ин нукта муҳол аст, ки баъди ту намонд
Чун ту равшанназару соҳиби идрок, афсӯс!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед