ҶАВОБИ ТАРСАКИ

«Се шабу се рӯз шуд, ки нест аз Рустам дарак»,

Рафт ин овоза мисли бод то гӯши фалак.
Мардум андар ҷустуҷӯи вай шуда дар дав-давак,

Як тараф модар ҳаросоп, як тараф зан бо амак.
Кофтандаш, ёфтандаш оқибат рӯзи дигар

Аз даруни лои ғафси кӯчаи касногузар.
Оби шиша карда ӯро андар ин ҷо шери нар,

Дасту пояш ҳар тараф партофта мисли палак.
Ҷоғу пешонии вай бархӯрда бар ҳар чӯбу санг,

Сип-сияҳ гардида ранги кӯраи ангиштсанг,
Бун андар хоб, «роҳат» карда ҳамчун мурғи ланг,

Дар лабонаш шӯра баста кафк мисли хафнамак.
Сураташро дида, ӯро як бало пиндоштанд,
Ҳар чӣ бошад ҳам, варо аз ҷои худ бардоштанд,

Аз ду дасташ «меравӣ» гуфтанду маҳкам доштанд,

Лек роҳашро намедид ӯ мисоли шабпарак.
Зонуҳояшро набудӣ ҳеҷ дармону фара,
Пой мезад ҳар тараф монанди тои навсара,

Бар замин афтода гоҳо боз мезад якпара, Чарх мегаштӣ сараш гӯё ки бар сони чалак.
Дида ин аҳволи бадро, дар ғазаб омад занаш,
Зад ба рӯяш он чунон ки ларза омад бар танаш,

Дар ҷавоби тарсакӣ ӯ гуфт пеш аз рафтанаш:

«Сад қасам, ки ман ба пули худ нанӯшидам арақ»!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед