ҶАВОНИИ ПАДАРОН

Бо қаҳқаҳи мастонаю бо шеъру тарона,
Бо рӯҳияи ғолибу ошӯбгарона,
Бо тантанаи ақл карон то ба карона,
Чун рӯд ба сад ғулғула бигзашт ҷавонй.
Чун раъд ба сад валвала бигзашт ҷавонӣ
Раҳ сохт, раҳ омӯхт, хато кард, хато сӯхт,
Дил бурд, дил овард, дил омӯхт, дил афрӯхт,
Аз рафтаву аз омада бас таҷриба андӯхт,
Мушкил зи ҳама мушкила бигзашт ҷавонӣ,
Масъули ҳама масъала бигзашт ҷавонӣ.
Саршори таманнову тақозову тараддуд,
Маъмури ҷаҳонсозию тармиму таҷаддуд,
Пурбори ҳавасҳову нафасҳои таболуд,
Пурдил зи ҳама фосила бигзашт ҷавонӣ,
Сарқофилаи қофила бигзашт ҷавонӣ.
Дар чашм уфуқҳо ба ҳама ҷозибаю ранг,
Дар дил тапиши гарми замон бо ҳама оҳанг,
Дар чеҳра нишони ҳама ганҷинаи фарҳанг,
Дар сар гули сад машғала бигзашт ҷавонӣ,
Дар по гули сад обила бигзашт ҷавонӣ.
Чун ходими даври худу арбоби замонӣ,
Бо дарди замину заману дарди ҷаҳоне,
Бигзашт ҷавонию ба ҷо монд ҷавонӣ…
Беҳила зи сад марҳала бигзашт ҷавонӣ,
Пуршӯру қавиҳавсала бигзашт ҷавонӣ.
Қонунгари даврони пур аз шӯру шарар буд,
Дар даст калиди ҳама бобу ҳама дар буд,
Омода ба ҳар амри Ватан — марди сафар буд,
Рахшанда ба каф машъала бигзашт ҷавонӣ,
Аз роҳи замон бегила бигзашт ҷавонӣ…
* * *
«Дар оғӯши ту мемирам»
Нодирпур
Ту, эй гаҳвораю тобути ишқи ман!
Дар оғӯши ту гарчи зиндагиям нест,
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам.
Дар оғӯше, ки холӣ аз ман асту пур зи армонҳо,
Дар оғӯше, ки холӣ аз ман асту пур зи ҳирмонҳо,
Дар оғӯше, ки атри шеъри тар дорад,
Дар оғӯше, ки дидори саҳар дорад.
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам,
Дар оғӯше, ки дар навмедиям уммедҳое ҳаст.
Дар оғӯше, ки андар рӯзҳои тираи умрам
Бароям нав ба нав хуршедҳое ҳаст.
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам,
Дар оғӯше, ки мебошад ҳаволатгоҳи рӯҳи ман.
Дар оғӯше, ки маҳрумам,
Дар оғӯше, ки мебошад ҳаловатгоҳи рӯҳи ман.
Ту, эй гаҳвораю тобути шеъри ман,
Дар оғӯши ту гарчи зиндагиям нест,
Дар оғӯши ту мехоҳам бимирам,
Дар оғӯше, ки қадрашро надонистам,
Дар оғӯше, ки меҳрашро наварзидам,
Дар оғӯше, ки боре ҳам наарзидам…
7.9.1974

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед