ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН

Навҷавонони Тоҷикистонам,
Зӯри бозую нури чашмонам,
Солҳо орзуи ман будед,
Боиси ҷустуҷӯи ман будед.
Дар ҳама ҷо, ки доштам сӯҳбат,
Мавриди гуфтугӯи ман будед.

Инак, истода рӯ ба рӯи ман
Ба ман илҳоми тоза мебахшед,
Ҳар саҳар мисли онки бар олам
Қувваи тоза медиҳад хуршед.

Дар нигаҳҳои ҳақшиноси шумо
Дида ҳар бор Ленини зинда,
Пухта мегардаду қавитар боз
Эътиқодам ба рӯзи оянда.

Фарқ не тоҷикед ё ӯзбек,
Аз Росия ва ё аз Эстонед,
Хоҳарону бародарон ҳастед,
Ҷонуӯи ширини Тоҷикистон!

Бо шумоям, ки менамоям васф
Зиндагию ӣаҳори давронро.
Бе шумо нест зиндагӣ ширин
На марову на Тоҷикистонро.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед