Аввал ороми дили бирён диҳад
Шод бод он, к-ӯ ғами ёрон хурад,
Ҳасрати дунёи бепоён хурад.
Аввал ороми дили бирён диҳад,
Баъд бегам барраи бирён хурад.
Аз гулӯяш нагзарад як қатра об.
Хун хурад, то луқмаи осон хурад.
Хунбаҳои дӯстони ҷонбаҷон
Ҷон диҳад, то ҷуръа аз финҷон хурад.
Сад қасам бишкастан осон ҳилаест,
Зинда бод он к-ӯ қасам бо ҷон хурад.
Нони мардум бар касе бодо ҳало.т,
К-ӯ ғами мардум хурад, то нон хурад!
Шарҳи худро нависед