Аз балои ногаҳон тарсида будам

Ту маро бедаступо кардию рафтӣ,
Синаамро гамсаро кардию рафтӣ.
Аз балои ногаҳон тарсида будам,
Коре бадтар аз бало кардию рафтӣ.
Ман сазовори дилат дил доштам, лек
Бо дили ман носазо кардию рафтӣ.
Хостам бо ишқи ту бар худ расидан,
Ту маро аз ман ҷудо кардию рафтӣ.
Бехудиҳои туро гирад худо кош,
Ки маро ҳам бехудо кардию рафтӣ.
Хонаи чашмат пур аз хушоба бопо.
Ки маро обу адо кардию рафтй. •’
1985

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед