Аз барои Падар

Писар баҳри падар ҷонат фидо кун,
Кафи пояш бибӯс нарм нарм садо кун.
Ба вақти зиндагияш меҳрубон бош,
Ки фардо дер шавад имрӯз нидо кун.
Магӯй имрӯз пагоҳ ё ин,ки фардо,
Аввал фармудаи ӯро адо кун.
Зи ҳолаш доимо ҳар рӯз хабар гир,
Барояш беҳтарин тӯҳфа ҷудо кун.
Агар чӣ шоҳи шоҳони дар олам,
Барои диданаш худро гадо кун.
Хабар дори зи Яъқубу зи Юсуф,
Мабош Юсуф ту аввал сар ба по кун.
Бидон,ки шуд падар гар аз ту рози,
Баъд аз ин розиги сӯи Худо кун.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед