Аз базми ошиқӣ ҷоме намондааст

Дигар зи сӯзи дил номе намондааст,
Аз базми ошиқӣ ҷоме намондааст.
3-он оташи баланд аз ишқи дилписанд
Ҷуз чанд мисраи хоме намондааст.
3-он беқарориҳо, з-он ҷоннисориҳо
Ҷуз нимаи дили роме намондааст.
Деворҳо фитод, болорҳо шикаст,
Аз ошёни ишқ боме намондааст.
Дар коми хастагӣ бо дилшикастагӣ
Дигар таровати коме намондааст.
Дар доми зиндагӣ анҷоми зиндагист,
Ҷуз гӯшаи лаҳад доме намондааст.
1984

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед