Аз кӯи мурод норасо хоҳам рафт

Фарёд, авони файзу нурам рафтаст,
Айёми ҷавонию ғурурам рафтаст.
Шуд чоштгаҳу ғуруб дорад дар пай,
Хуршеди сабоҳи носабурам рафтаст.
Тақдири бадам зи толеи равшани туст,
Гар рӯз надидаам, зи нодидани туст.
Поям ба лаби гӯр расад ҳам рӯзе,
Дасти мани дилкашол бар домани туст.
Дарёи равони кӯҳсорам, эй гул,
Аз кӯҳ ба дашт раҳсипорам, эй гул,
Ҳоло, ки маро канори серобе ҳаст,
Як бор бирӯй дар канорам, эй гул.
Парвози баланд шоҳпар мехоҳад,
Ҷавлонгаҳи шоирӣ ҳунар мехоҳад.
Лайлии сухан на ёфаву лофу газоф,
Маҷнундиливу шӯру шарар мехоҳад.
Роҳе, ки маро ба кӯи мақсуд барад,
Аз байни ҳазор оташу дуд барад,
Ишқе, ки марост, ё расонад ба мурод,
Ё колбадам ба рӯи тобут барад.
3-ин дашти дароз корвон мегузарад,
Бар дӯш ҳама суду зиён мегузарад,
Ҳарчанд ҳама аз ин ҷаҳон мегузарад,
Бадбахт касе, ки бенишон мегузарад.
Дар кӯраи пургудоз хомӣ, эй дил,
Сарчашмаи назму бенизомӣ, эй дил,
Аз карда пушаймону зи нокарда малул,
Якумр тамоми нотамомӣ, эй дил.
3-ин роҳи нишеб то куҷо хоҳам рафт?
Як рӯз зи даҳр норизо хоҳам рафт.
Ҳарчанд ба нисбате расидам ба мурод,
Аз кӯи мурод норасо хоҳам рафт.
Ҳоло ки баҳорам нагузаштаст, биё,
Ҳоло ки хуморам нашикастаст, биё.
Ҳоло ки ба ёди рӯи хуршедвашат
Хуршеди ҳаётам нанишастаст, биё!
Боғе, ки нахурда об, монад бебар,
Чӯбе, ки насӯхт, худ нагардад ахгар,
Шеъре, ки зи сӯзу шарари дил холист,
Тифлест, ки мурда зода бошад модар.
Гумроҳ чу раҳ ёфту шуд худ сарвар,
Ёде накунад зи панди раҳбар ба сафар.
Хуршедпараст чун пазад, бар хуршед
Рӯ н-овараду саҷда насозад дигар.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед