Аз куҷо донам шумори рӯзҳои мондаро

Чанд рӯзе бо хумори бӯсаҳоят зиндаам,
Санги сардам. бо шарори бӯсаҳоят зиндаам.
Аз куҷо донам шумори рӯзҳои мондаро,
То ба накди бешумори бӯсаҳоят зиндаам.
Аз кафи барги хазони тирамаҳ уммед нест.
Ман ба уммеди баҳори бӯсаҳоят зиндаам.
Ҷоннисори бӯсаҳои ҷонфазоят будаам,
Боз ҳам баҳри нисори бӯсахоят зиндаам.
То лабони оташин дорй, саропо оташам,
Ман барои шуълазори бӯсаҳоят зиндаам.
Ман намемирам, агар сад марг ояд бар сарам
То чу ёри комгори бӯсаҳоят зиндаам,
1982

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед