АЗ НАВ НИҲОДЕМ ТОҶ БА САР
Чун Оли Сомон ёфт шикаст,
Рафт шӯҳрати тоҷик зи даст.
Аз паси толеи мо,
Манғит рӯи тахт нишаст
***
Шуд кӯи мо дар кӯҳу ҷар,
Таҳдид ба мо дошт сад хатар.
Ҳамон чароғи маърифат,
Месӯхт хира, хиратар.
***
Баъди ёздаҳ қаран боз,
Толеъ ба мо кард даст дароз.
Гуфто ба мо толеи мо:
Тоҷик шавад боз Сарфароз.
***
Аз нав ниҳодем тоҷ бар сар,
Аз нав биёфтем зебу фар.
Шуд парчами озодӣ ҳам,
Дар қасри миллат ҷилвагар.
***
Мо соҳиби шаҳри калон,
Моро шинохт ҳам ин ҷаҳон.
Донанд тоҷик миллатест,
Аҷдоди он Оли Сомон.
Муаллиф: Раҷаббек Сайдзода Сарфароз
Шарҳи худро нависед