АЗ НАВБАҲОРИ РӮЯТ…
Аз навбаҳори рӯят ман навбаҳор ёбам,
Дар рӯзҳои абрӣ муштоқӣ офтобам.
Даргоҳи дил бигардад то офтобрӯя,
Аз офтоби рӯят як лаҳза рӯ натобам.
Сӯйе само сиёҳ аст, сӯйе само сафед аст,
Аз абрҳои найсон борандагӣ уме даст.
Дар осмони хотир ҷуз мисраи таре нест,
Бар дидаи тари ман аз байти тар нави даст.
Байтам чӣ байт бошад бе байти абрувонат,
Бенакҳат аст шеърам бе атрии гесувонат.
Бо сад фиолу ҷоду шеъру сухан бигӯям,
Ҷодуияш набошад бе чашми ҷодувонат.
Гар даҳр дардманд аст, аз дарди дилҷудоист,
Дилро рабоӣ аз ман, ҳангоми дилрабоист.
Бе ҳалқаҳои зулфат умре дилам гирифта,
Бикшой қуфли дилро, ишқат, ки дилкушоист…
***
Ту будию ману ин обшорон,
Суруди навбаҳору резаборон,
Насими раҳгузар шӯху парешон
Парафшон мегузашт аз шохсорон.
Ба роҳат сабзаву себарга тар буд,
Ба рӯйи майсаҳо дурру гуҳар буд,
Ба поят барги тар часпиду бӯсид,
Ҳар он ҷойе туро роҳи гузар буд.
Чу аз абри гузар борид борон,
Раҳораҳ сими тар борид борон.
Лабони ман вале парсинг баста,
Зи рӯю мӯйи ту шорид борон.
Маро буд оламу одам фаромӯш,
Маро буд одаму олам дар оғӯш.
Дамодам шир-шири борони найсон
Суруди ишқи ту мехонд дар гӯш.
Саропо тар будӣ дадр зери борон,
Ту симинбар будӣ дар зери борон.
Раҳораҳ аз сари мӯйи ту мерехт
Гулу борон чу аз боғи баҳорон.
***
Меравад офтоб сӯйи ғуруб –
Олами зарнисор рӯйи ғуруб.
Шохаҳои дарахтҳо рангин,
Хирмани лолавор рӯйи ғӯруб.
Сабзаҳо аз насим меларзад,
Мавҷ ҳам сим-сим меларзад.
Ҳамчу марҷон ҳамели гунҷишкон
Дар ҳаво рӯйи сим меларзад.
Ҷуфти ёғу ба об мешинад, —
Рӯйи дарё саҳоб мешинад.
Ҳамчу рӯҳи сафед дар дарё,
Он Худоро дар об мебинад.
Ман туро дар хаёл меҷӯям,
Дар нишоту малол меҷӯям.
Дар канори ғуруб соҳили баҳр
Аз хаёли висол меҷӯям.
То замоне канори ман бошӣ,
Уфуқи беғубори ман бошӣ.
Бо шафақҳову рангҳои ғӯруб
Хирмани лолавори ман бошӣ…
Офтоби даҳони танги ғуруб
Мезанад ташти зар ба санги ғуруб.
Лаби соҳил ба ёди чеҳраи ту
Санги зар мешавам ба ранги ғуруб.
***
Хонаи ту миёни бешаи сабз
Дар хамӯшии коҷзорон монд.
Пайраҳи морпечи ноҳамвор
Дар таҳи барф то баҳорон монд.
Барф пӯшид рӯйи бому дарат,
Новаи хона шӯшазоре шуд.
Чашми софи тирезаат ях баст,
Об дар ҷӯй шишакорӣ шуд.
Коҷ аз сими барфҳо бигзошт
Ба сари сабзи хеш тоҷи дигар.
Бебақо буд тоҷи барфии коҷ,
Мешуд аз бод зуд зеру забар.
Рӯйи барфи баланд баски намонд
З-он ҳама рафтуо пайи пое,
Ҳеҷ кас нақши хештан нашинохт,
Ки куҷо рафт, то куҷоҳое…
Шохаи коҷҳои пушти дарат
Аз гаронии барф бишкаста,
Рӯйи барфи сафед чун пайи ту
Зоғҳои сиеҳ биншаста…